Forgot password? Sign Up

Blogs about: Technology

The best in Technology-related posts from around the WordPress.com community, updated daily.

The Latest Posts in Technology
Recently posted on WordPress.com Subscribe
ХУКУМАТ НАВ МЕШАВАД, Ё ЧУН ПОР ХОХАД МОНД

 «Миллат» №01 04.01.2012 Ё чаро дар Хукумати Точикистон Низомулмулк ва Чаъфари Бармаки нест? Имсол касе дилзанак мешавад? Бо гузашти чанд рӯзе ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, баргузор мегардад. Ҳар сол мардуми Тоҷикистон ин иҷлоси муҳимро интизор мешаванд ва иддае бо ҳазл онро “Ҷаласаи дилзанак” ном мебаранд, зеро дар ин ҷаласаи ба истилоҳ солонаву ҷамъбастӣ бархе аз мансабдорон аз мақомҳои хеш бо амри Президент барканор мешаванд. Вале ин ҷаласа барои баъзе дигар хуршеди толеъву бахт хандиданҳо, ки боз ҳам бо фармони Ҷаноби Олӣ соҳиби ягон вазифае мешаванд, фаромӯшношуданӣ ҳоҳад буд. Соли гузашта дар ин ҷаласа касе дилзанак нашуд, ҳарчанд барои эҳтиёт иддае мақомдорон бо худ “карвалол”-у “валидол” ҳам гирифта буданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии соли рафта Президент даст ба тагйироти кадрӣ назад ва ҳама мақомдоронро хурсанд сохт. Ва бо ин амалаш Эмомалӣ Рахмон як навь қаноатмандии хешро аз фаъолияти ҳукуматаш нишон д

Чаро додгоҳро “погром” карданд

ХАМЛА БА БИНОИ СУД ВА ПРОКУРАТУРАИ БАДАХШОН АЗ ЧИ ДАЛОЛАТ МЕДИХАД? «Нигох» №13 16.06.2011 Рузи даҳуми моҳи равон соати 1630 ба бинои Суд ва Прокуратураи шаҳри Хоруғ як гурӯҳи номаълум ҳуҷум карданд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ин гурӯҳ қариб иборат аз 100 нафар будааст. Гуфта мешавад, ки ҳамла ба бинои суд бо анҷоми мурофиаи судии шаҳрванд Қаюм Раҳмихудоев сурат гирифтааст. Тазоҳуротгарон судя, муовин ва як шаҳрвандро зада маъюб кардаанд ва тамоми таҷҳизоти кориро шикастаанд. Ҷамъи зарари овардаи онҳоро ба 30 ҳазор сомонӣ рост медонанд. Ин амал дар байни ҷомеа сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Бархе ҳадс мезананд, ки ин кори нашъаҷаллобон ва вокуниш ба пораҳои дода аст. Бархеи дигар мегӯянд, мардум аз беадолатиҳои судҳо ба дод омадааст. Сеюмиҳо бар онанд, ки ҳар чи ҳам набошад, ҳуҷум ба биноҳои маъмурӣ ҷиноят аст. Вобаста ба ин мавзӯъ «Нигоҳ» аз коршиносон пурсид:  Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, тахлилгари ҲНИТ: -  Бешак чунин як тарзи муносибат бо мақомоти ҳуқуқиро мусбат арзёбӣ кардан ҷои